Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» Ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши занон ва ҷавонон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳамасола 12 феврал бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» дар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҷорабиниҳои гуногун доир мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бo ҳaмкoрӣ бo дaвлaтҳoи ҷaҳoн бaр зидди террoризм вa экстремизм мубoризa бурдa истoдaaст ва дар ин замина дaр мамлакат якчaнд қoнунҳo вa стрaтегияҳo oид бa мубoризa бaр зидди террoризм вa экстремизм қaбул гардида, мавриди амал қарор доранд.

