Skip to content Skip to footer

Дар Осорхонаи миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Устувонаи Куруш — аввалин эъломияи ҳуқуқи башар» баргузор гардид

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Устувонаи Куруш — аввалин эъломияи ҳуқуқи башар» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Осорхонаи миллӣ, олимону донишмандони соҳа ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд.


Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Устувонаи Куруш аҳамияти бузурги илмӣ ва таърихии сатҳи ҷаҳонӣ дошта, аз ҷониби олимону сиёсатмадорони ҷаҳон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Ҳамчунин ёдовар шуданд, ки 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид.


Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён доир ба ҷойгоҳи таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофарини Устувонаи Куруш маърӯзаҳои илмӣ ироа намуда, перомуни нақши он дар таҳкими ҳуввияти миллӣ, бедории хотираи таърихӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон табодули афкор анҷом доданд.