Skip to content Skip to footer

Ҳифз ва ободонии мероси таърихии Панҷакент — омили рушди сайёҳӣ


Шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази муҳими таърихиву фарҳангӣ дорои даҳҳо ёдгории нодири бостонӣ мебошад, ки ҳар яке аз гузаштаи пурғановати миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Имрӯз шаш ёдгории таърихиву фарҳангии ин шаҳр ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардида, мавқеи Панҷакентро дар харитаи сайёҳии ҷаҳон боз ҳам устувортар намудааст.
Дар байни онҳо ёдгориҳои беназири Саразми бостонӣ ва Панҷакенти қадим ҷойгоҳи намоён доранд. Ин мавзеъҳо на танҳо барои муҳаққиқону бостоншиносон, балки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ ҷолибу тамошобоб ба шумор мераванд.
Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории ин мероси гаронбаҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, заминаи мусоид барои омӯзиш ва муаррифии онҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ин самт таъсиси Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм» ҳамчун як иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.
Пойгоҳи мазкур ҳамчун маркази илмӣ ва фарҳангӣ фаъолияти худро дар самти ҳифз, омӯзиш ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ ба роҳ мондааст. Дар назди пойгоҳ ду мамнуъгоҳи таърихӣ ва ду осорхона фаъолият мекунанд, ки нигоҳдории осори нодири таърихиро таъмин менамоянд.
Масъулияти ҳифз ва нигоҳдории ин ганҷинаҳои таърихӣ бар дӯши мутахассисони соҳа вогузор гардида, онҳо бо эҳсоси баланди масъулият дар ин самт фаъолият менамоянд. Солҳои охир ҷиҳати беҳтар намудани шароити фаъолияти пойгоҳ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Аз ҷумла, шароити нигоҳдории фонди осорхонаҳо ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, барои ҳифзи дурусти экспонатҳо имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Ин иқдом ба нигоҳдории дарозмуддати осори таърихӣ ва пешгирии осеб дидани онҳо мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, меҳмонхонаи пойгоҳ пурра таъмир шуда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин гардидааст. Акнун меҳмонон ва сайёҳон, бахусус бостоншиносони дохиливу хориҷӣ, метавонанд ҳангоми ташриф аз имкониятҳои он истифода намоянд. Ин иқдом ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари муҳаққиқон ба минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари корҳои нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ низ дар меҳвари таваҷҷуҳи пойгоҳ қарор дорад. Кормандони муассиса дар ҳамкорӣ бо шурои илмӣ ва олимони соҳа пайваста ба анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ машғул буда, натиҷаҳои бадастомада дар чорабиниҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ин тадбирҳо ба омӯзиши амиқтари таърихи минтақа ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Дар маҷмӯъ, Панҷакент имрӯз на танҳо ҳамчун маркази таърихӣ, балки ҳамчун макони муҳими рушди сайёҳӣ ва таҳқиқоти илмӣ мавқеи худро устувор намуда истодааст.
Ҳифз ва муаррифии чунин мероси гаронбаҳо омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.