Skip to content Skip to footer

Дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ баррасӣ шУд

Дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Осорхонаҳо ва нақши онҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон, кормандони осорхонаҳо, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзу муаррифии мероси таърихиву фарҳангии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии нақши осорхонаҳо дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллат, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Зимни суханронӣ иштирокдорон таъкид намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, ба рушди соҳаи фарҳанг ва фаъолияти осорхонаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои ҳифзу нигоҳдории осори нодири таърихӣ ва арзишҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои илмӣ вобаста ба таърихи осорхонашиносӣ, роҳҳои муосири ҳифзи бозёфтҳои бостоншиносӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти осорхонаҳо ва нақши онҳо дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ пешниҳод гардиданд.

Ҳамзамон иштирокчиён иброз доштанд, ки осорхонаҳо ҳамчун марказҳои муҳими фарҳангӣ дар муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон нақши муассир дошта, барои ҳифзи хотираи таърихии миллат саҳми назаррас мегузоранд.Дар доираи чорабинӣ намоиши бозёфтҳои таърихию бостоншиносӣ ва осори нодири фарҳангӣ ташкил гардида, иштирокчиён аз намунаҳои арзишманди мероси фарҳангии кишвар боздид намуданд.