Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба ба масири байналмилалии қатораи сайёҳии «Роҳи Абрешим» шомил гардид. Ба ин муносибат 23 март бори нахуст қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон аз Ҷумҳурии Қазоқистон иборат аз 89 нафар ба Душанбе омад.
Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳани пойтахт роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» ва намояндагони ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамон рӯз барои меҳмонон барномаи экскурсионӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва боздид аз қалъаи Ҳисор ташкил карда шуд.
Барнома чорабинии фарҳангию рақсу мусиқиҳои миллӣ, шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва қисми гастрономӣ бо таомҳои миллиро дар бар гирифт.
Бояд гуфт, ки ташкилкунандаи барнома аз ҷониби Тоҷикистон ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» буда, тамоми маҷмуи хизматрасониҳоро дар сатҳи баланди касбӣ — аз ҳамлу нақл то барномаи фарҳангӣ ва таъмини ҳамроҳии иттилоотиро таъмин намуд.
Лоиҳа дар доираи ҳамкории ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» (Тоҷикистон) ва «Grand Soluxe Travel Company» (Қазоқистон) амалӣ гардида, қадами муҳим дар рушди сайёҳии минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Татбиқи ин лоиҳа рӯйдоди муҳими соҳаи сайёҳии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Шомил гардидани пойтахти мамлакат ба масири қатораи байналмилалии «Роҳи Абрешим», ки шаҳрҳои Алмато, Туркистон, Самарқанд, Душанбе ва Тошкандро мепайвандад, имконияти васеи Тоҷикистонро ҳамчун самти ҷолиби сайёҳӣ бори дигар тасдиқ намуд.
Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои созанда на танҳо ба афзоиши ҷараёни сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунанд, балки ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси ғании фарҳангӣ, меҳмоннавозӣ ва инфрасохтори рӯ ба рушд низ замина мегузоранд.

