Skip to content Skip to footer

Тоҷикистон — маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлимм

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони муҳими муколамаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим табдил ёфтааст. Барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» ба кишвари мо шумораи зиёди меҳмонон, коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ташриф оварданд.

Давоми се рӯзи охир шаҳри Душанбе мизбони яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ — Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» буд. Дар кори конфронс беш аз 2500 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла зиёда аз 1100 намоянда аз 110 кишвари ҷаҳон, 75 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои академӣ ширкат варзида, бори дигар таваҷҷуҳи баланди ҷомеаи байналмилалиро ба Раванди оби Душанбе ва эътирофи онро ҳамчун платформаи муҳими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуданд.

Дар баробари баррасии масъалаҳои муҳими вобаста ба захираҳои обӣ, меҳмонони хориҷӣ аз фарҳанги ғанӣ, меҳмоннавозии тоҷикона ва табиати нотакрори Тоҷикистон низ таассуроти нек бардоштанд.

Ба гуфтаи иштирокчиён, сатҳи баланди ташкилу баргузории конфронс, муҳити дӯстона ва фазои орому амни Тоҷикистон диққати онҳоро махсусан ҷалб намудааст. Бисёре аз меҳмонон бори аввал ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз меҳрубонӣ ва самимияти мардум, инчунин фарҳанги қадимаву бойи кишвар бардоштҳои мусбат ҳосил карданд.

Иштирокчиёни конфронс ҳамчунин таъкид намуданд, ки Тоҷикистон имрӯз дар баррасии масъалаҳои глобалии обу иқлим нақши фаъол дошта, ташаббусҳои байналмилалии он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ ҷонибдорӣ меёбанд.

Меҳмонони хориҷӣ аз фарҳанги бостонӣ, сатҳи амният, тозагиву ободонии шаҳри Душанбе ва манзараҳои дилфиреби пойтахт низ ситоиш карданд.

Ба андешаи онҳо, чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ на танҳо барои баррасӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ, балки барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишварҳо низ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таассуроти нек ва хотирмони меҳмонони хориҷӣ бозгӯи он аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва меҳмоннавоз шинохта мешавад.