Аз 17 то 20 июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» баргузор мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки 18 июн дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» доир шуда, баъд аз нисфирӯзӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ баргузор мегардад.
Ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Намоишгоҳ ҳамчунин майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо мебошад. Дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 14 июни соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ-сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа доир шуда буд.

