Бемории диабети қанд яке аз бемориҳои паҳншуда дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, солҳои охир шумораи гирифторони он афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи мутахассисон, омилҳои асосии пайдоиш ва паҳншавии ин беморӣ камҳаракатӣ, ғизои носолим, вазни зиёдатӣ ва ҳолатҳои равонии фишоровар (стресс) мебошанд.
Табибон таъкид менамоянд, ки риояи тарзи ҳаёти солим метавонад хатари пайдоиши диабети қандро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ғизои солим, маҳдуд намудани истеъмоли шириниҳо, нӯшокиҳои ширин ва ғизоҳои равғанин барои нигоҳ доштани сатҳи муътадили қанд дар хун аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, машғулиятҳои варзишӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муассири ҳифзи саломатӣ арзёбӣ мешаванд. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳатто 30 дақиқа роҳгардӣ ё машқҳои сабуки ҳаррӯза метавонад ба танзими сатҳи қанд дар хун, коҳиши вазни зиёдатӣ ва беҳтар шудани ҳолати умумии саломатӣ мусоидат намояд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади таҳкими саломатии аҳолӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат тадбирҳои муассир амалӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ҳамчунин, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва маъракаҳои иттилоотиву тарғиботӣ мунтазам баргузор мегарданд. Зеро ҷомеаи солим заминаи асосии рушди устувор ва пешрафти давлат маҳсуб меёбад.

