Варзиш барои саломатии инсон аҳамияти муҳим дорад. Бо ҳамин мақсад кормандони Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.


Ҳадафи баргузории машқи пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва баланд бардоштани маърифати саломатӣ мебошад. Иштирокчиён бо роҳнамоии мутахассисон машқҳои гуногуни ҷисмонӣ анҷом дода, аҳамияти варзишро барои нигоҳдории саломатӣ ва болидарӯҳии инсон таъкид карданд.
Бояд гуфт, ки машқҳои мунтазами ҷисмонӣ кори дилу рагҳои хунгардро беҳтар намуда, барои пешгирии бисёр бемориҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, варзиш ба боло бурдани рӯҳия, беҳтар шудани фаъолияти зеҳнӣ ва зиёд гардидани неруи кории инсон мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки машқи пагоҳирӯзӣ яке аз одатҳои муфиди рӯзмарра буда, ба инсон барои оғози рӯз неру ва қувва мебахшад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд ба тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, машқҳои ҷисмониро ба реҷаи ҳаррӯзаи худ ворид намоянд.
Чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ дар доираи сиёсати давлатӣ оид ба рушди варзиш ва тарғиби ҳаёти солим пайваста баргузор гардида, ба солимии ҷомеа мусоидат мекунанд.

