Skip to content Skip to footer

Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид

Дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар Намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia 2026» дар шаҳри Самарқанд муаррифӣ карда шуд.  

Бояд тазаккур дод, ки гӯшаи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, ҳамзамон роҳбарии иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia 2026» ба уҳда дошт.

Гӯшаи  Тоҷикистон ба майдони намоиши дастовардҳо, афзалиятҳо ва ташаббусҳои кишвар  дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии устувори захираҳои об ва рушди иқтисоди сабз табдил ёфт.

Меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ имконият пайдо намуданд, ки бо мероси беназири табиии Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхҳо, экосистемаҳои кӯҳӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин тадбирҳои ҳифзи намудҳои нодир ва нобудшавандаи ҳайвонот, аз қабили бабри барфӣ шинос шаванд.

Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Eco Expo Central Asia 2026» бори дигар садоқати ҷумҳуриро ба принсипҳои устувории экологӣ ва ҳамкории минтақавӣ тасдиқ намуда, ҳамзамон имконияти муҳимро барои муаррифии дастовардҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои шарикӣ барои ҳалли муштараки мушкилоти экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам овард.