Skip to content Skip to footer

Дар Қалъаи Хуҷанд ҳунари нодири кундалнигорӣ эҳё ва омӯзонида мешавад

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд омӯзиши ҳунари нодири кундалнигорӣ бо иштироки ҳунармандони соҳибтаҷриба идома дорад. Ин иқдом дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардида, ба омӯзиш ва тарбияи насли нави ҳунармандон равона шудааст.

Кундалнигорӣ яке аз намудҳои қадимаи санъати ороишии тоҷик буда, таърихи чандинсола дорад. Бо мақсади ҳифзу тарғиби ин мероси фарҳангӣ, Ташкилоти ҷамъиятии Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Эҳёи ҳунарҳои ороишии анъанавӣ»-ро амалӣ менамояд, ки ҳадафи он омӯзиши ҳунари кундалнигорӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди малакаҳои ҷавонон мебошад.

Татбиқи чунин ташаббусҳо барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон ва муаррифии фарҳанги миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.