Skip to content Skip to footer

дар Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз баргузор мегардад

Аз 25 июн то 2 июли соли 2026 пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз /GCF- Green Climate Fund/ мегардад.

Масъалаи омодагӣ ба ин чорабинӣ дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Сулаймон Зиёзода дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Гуфта шуд, ки ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз чорабинии бонуфузи байналмилалӣ буда, бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои фонд, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва коршиносони соҳаи иқлим баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба маблағгузории иқлимӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушди устувор ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон доир гардидани ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии иқлим арзёбӣ шуда, барои густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби сармоягузориҳои «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешоҳанг дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим, ҳифзи пиряхҳо эътироф гардида, ташаббусҳои Тоҷикистон пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.

Фонди иқлими сабз бузургтарин фонди байналмилалӣ дар ҷаҳон мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба мамлакатҳои дар ҳоли рушд дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Он лоиҳаҳои бузургро барои гузариш ба иқтисоди камкарбон ва мутобиқ шудан ба тағирёбии муҳити зисти ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад.

Фонди иқлими сабз соли 2010 дар доираи Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим ва Созишномаи Париж таъсис ёфтааст.

Идораи марказии Фонди иқлими сабз дар маҳали тиҷоратии Сонгдо, шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея ҷойгир буда, аз ҷониби Шурои директорон, ки 24-нафарро ташкил медиҳад, идора карда мешавад ва аз сӯи Котибот дастгирӣ меёбад.

Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз хонум Мафалда Дуарте, ки зодаи Португалия аст, мебошад. Портфели Фонди иқлими сабз беш аз 20 миллиард долларро бо фарогирии зиёда аз 300 лоиҳа (аз ҷумла маблағгузории муштарак, ҳаҷми сармоягузорӣ ба даҳҳо миллиард доллар мерасад) дар бар мегирад.

Самти фаъолияти Фонди иқлими сабз ба маблағгузории лоиҳаҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла гузариш ба энергияи барқароршаванда, мутобиқшавӣ ба иқлим, дастгирии давлатҳо, ки аз хушксолӣ, обхезӣ, баланд шудани сатҳи баҳр ва обшавии пиряхҳо осеб мебинанд, равона карда шудааст.

Leave a comment