Skip to content Skip to footer

ВИЖАГИҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ: СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН БА ТАҶЛИЛИ АРЗАНДАИ ИН ҶАШНИ АҶДОДӢ ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

    Мақоми ҷаҳонӣ касб намудани ҷашни Наврӯз барои сокинони ноҳияи Шуғнони ВМКБ аз дастовардҳои наҷиби даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, ҳоло дар ин минтақа ин ҷашни бостониро  бо вижагиҳои хос истиқбол менамоянд. Бо омадани ҷашни Наврӯз ҳар як оила суннатҳои қадимаи аҷдодиро, ки аз поксозии хона, атрофи муҳит оғоз мегардад, шуруъ менамоянд.

     Маҳз дар ин рӯзҳо мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, дилҳоро аз кина пок месозанд ва бо нияти нек ба истиқболи соли нав мераванд.

      Расму оинҳои зебои наврӯзӣ, суруду рақси миллӣ ва дастархони идона, нишонаи фарҳанги бойи миллати тоҷик мебошанд. Иҷро намудани ҳар гуна бозиҳои хоси  навӯзӣ  аз ҷониби кӯдакону наврасон гувоҳи фазои осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

      Омода намудани таомҳои миллӣ аз ҷониби кадбонуҳо  дар ҷашни Наврӯз  ва оростани дастурхони идона, нишонаи файзу баракат ва заҳмати деҳқонон ва хоҷагидорон буда, ҳамагуна талош ба хотири арҷ гузоштан ба заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё намудани тахърихи ҳазорсолаи миллат тоҷик ва ҷаҳонӣ гардонидани ҷашни Наврӯз равона карда мешавад.