Skip to content Skip to footer

БАИМЗОРАСОНИИ САНАДИ ҲАМКОРӢ БО КОМИССИЯИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея маросими баимзорасонии «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар шароити тантанавӣ сурат гирифта, санади ҳамкорӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сироҷиддин Муҳриддин ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея — Ҷунг Ил Ён ба имзо расонида шуд.

Зимнан, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвият бахшидани фаъолият миёни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва паст кардани шиддати ин зуҳурот шароити мусоидат фароҳам меоварад.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстона ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминони комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои тақвияти густариши робитаҳои байналмилии ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Leave a comment