Пули миллӣ дар радифи Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Асъори миллии Тоҷикистон — «Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, имрӯз ҳамчун нишонаи истиқлолияти иқтисодӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Хушбахтона, моҳи октябри соли 2000 бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воҳиди нави пули воқеан миллӣ — «Сомонӣ» ба муомилот бароварда шуд. Тарҳу ороиши ин асъори миллӣ фарҳангу таърихи миллати тоҷикро таҷассум намуда, дар он расмҳои мутафаккирон, шоирони барҷаста ва қаҳрамонони миллат инъикос ёфтаанд.
Аз моҳи октябри соли 2000 асъори миллии «Сомонӣ» бо арзишҳои номиналии 1, 5, 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ, инчунин бо арзишҳои 1, 5, 20 ва 50 дирам ба муомилот бароварда шуд.
Бояд таъкид кард, ки асъори миллӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила дар шакли нав ва муосир такмил ёфта, бо тарҳи зебо ва хусусиятҳои ҳимоявии худ диққати сайёҳони хориҷӣ ва коршиносони байналмилалиро низ ҷалб намудааст.
Ба муносибати 25-солагии пули миллӣ, 30 октябри соли 2025, пули коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд. Ин иқдом ҳамчун рӯйдоди муҳим дар таърихи низоми молиявии кишвар арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки пули миллии 100-сомонаи ҷашнӣ дорои зиёда аз даҳ унсури ҳимоявӣ мебошад, ки қалбакӣ сохтани онро ниҳоят душвор мегардонад. Тибқи иттилои масъулон, 100-сомонаи нав бо тарҳи миллӣ ва муосири худ баъди ба муомилот баровардан диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд.
Пули ҷашнӣ на танҳо рамзи хотираи таърихӣ, балки нишони рушди устувори низоми пулию қарзӣ ва иқтисоди миллии кишвар мебошад. Дар тарҳи он унсурҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмории мамлакат инъикос ёфтаанд, ки аз тамаддуни қадима, ҳунармандӣ ва созандагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Масъулони низоми бонкии кишвар 100-сомонаи ҷашниро аллакай дар ду намоишгоҳи байналмилалӣ ба намоиш гузоштаанд, ки аз ҷиҳати тарҳ, сифат ва технологияҳои ҳимоявӣ баҳои баланд гирифтааст.
Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ як қатор тангаҳои ҷашнӣ ва хотиравӣ-ро аз филизоти қиматбаҳо — нуқра, инчунин аз филизоти ранга — хӯлаи мис, никел ва руҳ ба муомилот баровардааст.
Тангаҳои аз филизоти қиматбаҳо сохташуда асосан барои ҳадафҳои коллексионӣ пешбинӣ шудаанд, дар ҳоле ки тангаҳои аз филизоти ранга сохташуда барои гардиш дар муомилоти пулӣ истифода мешаванд.

