Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба соҳаи сайёҳӣ, ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ ва рушди шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши имкониятҳои сайёҳии кишвар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маҳфили илмии “Ҷаҳони саёҳат” баргузор гардид.
Иброз гардид, ки маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди малакаҳои таҳқиқотӣ ва ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯён дар самти сайёҳӣ нақши муҳим доранд.
Донишҷӯён бо маърӯзаҳои ҷолиб ва пурмуҳтаво андешаҳои худро оид ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ баён карданд.

