Skip to content Skip to footer

Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд

Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шавад. Чунин дарҷ гардидааст дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иваз намудани номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон», ки 3 июни соли 2026 ба имзо расид.

Ванҷях, ки ба пиряхи Тоҷикистон табдили ном кард, бузургтарин пирях на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Дарозиаш 77 километр буда, масоҳати он тақрибан 700 километр мураббаъро ташкил медиҳад. Дар байни пиряхҳои қитъаи Авруосиё аз рӯйи масоҳат танҳо аз пиряхҳои Қарақорум — Сиачен (дарозӣ 76 км, масоҳат 750 км²) ва Балторо (дарозӣ 62 км, масоҳат 750 км²) фарқ мекунад. Системаи Ванҷях 100 пиряхро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд. Экспедитсияи байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии RECAP (Research on Climate and Cryosphere in the Pamirs) бо ҷалби олимони Тоҷикистон, Олмон ва Фаронса аз 19 июл то 23 августи соли 2025 идома ёфт.

Ҳадафи асосии экспедитсия — таъсиси низоми мукаммали мониторинги доимӣ барои омӯзиши тағйироти иқлим ва равандҳои пиряхшиносӣ дар яке аз муҳимтарин манбаъҳои оби тозаи Осиёи Марказӣ буд.

Ҳама таҷҳизоти вазнин дар шароити баландии зиёда аз 5000 метр аз сатҳи баҳр бо қувваи инсон интиқол дода шуд. Олимон тавонистанд дар шароити баландкӯҳ, норасоии оксиген, сармо ва релефи хатарнок пойгоҳи худкорро, ки маълумотро дар вақти воқеӣ ба пойгоҳи марказӣ мерасонад, фаъол созанд.

Ҳамаи пойгоҳҳои нав мувофиқи нақша насб гардида, маълумоти ҷамъшуда нахустин маротиба дар таърих ба Шабакаи байналмилалии таҳқиқоти иқлим ворид мегардад. Ин имкон медиҳад, ки равандҳои обшавии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ дақиқтар арзёбӣ ва пешгӯйӣ карда шаванд. Пиряхи Тоҷикистон (Ванҷях) на танҳо объекти илмӣ, балки нишондиҳандаи ояндаи оби тоза барои миллионҳо нафар одамон мебошад.

Leave a comment