Skip to content Skip to footer

ШУМОРАИ ҲУНАРМАНДОН ДАР КИШВАР АФЗОИШ  ЁФТ

Давоми чанд соли охир рушди соҳаи ҳунармандӣ дар кишвар ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ табдил ёфтааст. Ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ва занон, ба касбомӯзӣ на танҳо ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунад, балки барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ замина мегузорад. Ҳамин аст, ки дар соли 2025 шумораи ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ дар кишвар ба 20901 нафра баробар шуда, ин теъдоди ҳунармандон нисбат ба соли 2024-ум 2247 нафр ва нисбат ба соли 2023-юм 12887 нафар зиёд гардидааст.

 Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  сабаби афзоиш ётфани шумораи ҳунармандон дар мамлкат ин асосан бақайдгирии расмии онҳо мебошад. Аз шумораи умумиии ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ 16114 нафр ба вилояти Суғд, 2487 нафар вилояти Хатлон, 1648 нафар ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, 417 нафар ба ВМКБ ва 235 нафар ба шаҳри Душанбе рост меояд. 

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсуоти саноатии ҳунармандон дар соли 2025 ба ҳисоби миёна 110,1 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2024 8,2млн сомонӣ афзудааст.  

Дар ин давра ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026, ки бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунармҳои мардумӣ соли 2025 ба 20 нафар ҳунарманд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо аз ҷониби комиссия ғолиб дониста шуданд ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуд.