Skip to content Skip to footer

ОҒОЗИ ФОРУМИ 5-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ»

 Дар шаҳри Душанбе Форуми 5-уми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» оғоз гардид.  

     Дар форум муовини сарвазири   Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерони дохиливу хориҷӣ иштирок доранд.

      Дар кори форум масъалаҳои  “Нақши Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии башарият”, “Аҳамияти суннатҳои миллӣ дар рушди сайёҳӣ”, “Равандҳои ҷаҳонишавии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва имконияти густариши ҳамкории фарҳангиву сайёҳӣ” баррасӣ хоҳанд гашт.

    Аз натиҷаи ҷамъбасти Форуми 5-уми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» муфассал хабар хоҳем дод.