Skip to content Skip to footer

“НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ, УМЕДИ НАВ ВА ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО”

     Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғи “Алишер Навоӣ” чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ  дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

     Чорабинӣ  аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе   дар ҳамҷоягӣ бо Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ шуда, он аз  намоиши ҳунарҳои мардумӣ,  хони ҳафтсину ҳафтшин ва анъанаҳои миллии тоҷикон, ки рамзи баракати Наврӯз аст, иборат буд.

    Гуфта шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ пайваста талош меварзад.

     Дар идомаи чорабини аз ҷониби таълимгирандагону кормандони Марказ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғат пешкаши ҳозирин карда шуд.

      Ёдовар мешавем, ки иштирокчиён ҷашни Наврӯзро бо оростани дастархони идонаи наврӯзӣ, баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши суннатҳои қадимаи аҷдодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як рӯҳияи баланд таҷлил намуданд.

Leave a comment