Skip to content Skip to footer

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ИМКОНИЯТҲО ВА ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ПОЙТАХТ  

  Пас аз анҷоми Форуми 5-уми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, барои иштирокчиёни форум хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд. Ҳадафи асосии ин иқдом муаррифии имкониятҳо ва зарфиятҳои сайёҳии пойтахт, инчунин шинос намудани меҳмонони хориҷиву дохилӣ бо мероси бойи фарҳангӣ ва таърихии кишвар буд.

      Дар доираи ин хатсайр иштирокчиён аз мавзеъҳои муҳими фарҳангиву сайёҳии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд. Тамошои шаҳри   Душанбе, ки ба истиқболи баҳор ва ҷашни байналмилалии Наврӯз омода гардидаву фазои идона дорад, ба меҳмонони хориҷӣ ва иштирокдорони форум писанд омад.

      Дар ҷараёни сайёҳат ба иштирокчиён роҳбаладон ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ оиди имкониятҳои сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

      Аз ҷумла, ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бо тарҳи муосир, меҳмонхонаҳо, марказҳои фароғатӣ ва шароити мусоид барои ҷалби сайёҳон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ин таҷриба ба меҳмонон имкон дод, ки Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун кишвари дорои манзараҳои зебо, балки ҳамчун макони дорои фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои қадима шиносанд.