Skip to content Skip to footer

«MITT-2026»: МУАРРИФИИ  ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН НАМОИШГОҲИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

    Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар 32-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026», ки аз 11 март то 21 март шаҳри Москва идома меёбад, муаррифӣ мегардад. Дар ин бора   АМИТ «Ховар» хабар дод.

      Ба иттилои ин хабаргузорӣ дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 63 метри мураббаъ ташкил гардида, дар он маводи таблиғотии имконияти сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаш карда шуданд.

       Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои беҳтарин шароит барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ мебошад. Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок барои пешрафти иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу тамаддун, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дорад.

     Бо мақсади муаррифии фарҳанги пурғановати миллати тоҷик дар доираи «MITT-2026» гурӯҳи Карнай-Сурнай навозии “Азия Нур” ва гурӯҳи ансамбли “Санам” бо навозиши ин асбоби миллии мусиқӣ ва рақси миллии тоҷикӣ табъи тамошобинонро болида гардонид.