Skip to content Skip to footer

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҲУНАРМАНДИ СОЛ – 2026”

Дар доираи ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол – 2026” дар Осорхонаи миллӣ дар фазои тантанавӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2026» баргузор гардид.

Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, дар он ҳунармандони чирадаст аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ва дигар меҳмонон низ иштирок намуданд.

Зимни маросими ҷоизасупорӣ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол — 2026” аз рӯйи номинатсияҳои “Кундалнигорӣ”, “Зардӯзӣ”, “Армуғони сайёҳӣ” ва “Наққошӣ” барои маҳорати баланди касбӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзу рушди ҳунарҳои мардумӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ҳунармандони ватанӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст.

Маврид ба таъкид аст, ки қадрдонии меҳнати ҳунармандон на танҳо омили ҳавасмандгардонии онҳо, балки василаи муассири ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши касбу ҳунар, идомаи анъанаҳои устоду шогирд ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба шумор меравад.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” ба баланд бардоштани мақому манзалати ҳунармандон дар ҷомеа, рушди эҷодкории бадеӣ ва муаррифии шоистаи дастовардҳои ҳунармандони тоҷик мусоидат менамояд.

Leave a comment