Skip to content Skip to footer

«Қалъаи Хуҷанд» — маркази муаррифии таъриху фарҳанг

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо ба рушди илму фарҳанг, балки ба равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат менамояд. Ҳамасола ба ин макон сайёҳони зиёди хориҷӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърих фарҳанг ва анъанаҳои халқи тоҷик меоянд.

«Қалъаи Хуҷанд» яке аз калонтарин қалъаҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст. Ин қалъа дар асрҳои ҳафтуми пеш аз мелод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд.

«Қалъаи Хуҷанд» иншооти бузурги фарҳангӣ буда, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таъмиру навсозӣ моҳи апрели соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, дар ҳудуди он бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.

Этнографҳо ба он назаранд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамоянд ва амалӣ намудани ин иқдом дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад.

Дар ин 8 ҳавлии қадимӣ, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мешаванд. Дар ин ҷо ҳамзамон ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудаанд.

Дар ин маҷмааи фарҳангию таърихӣ «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» ҷойгиранд, ки диққати сайёҳонро ба худ бештар ҷалб менамоянд.

Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ буда, ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардидааст.

Leave a comment