«20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» — таҳти чунин унвон дар Театри миллии Тоҷикистон Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор шуд.
Форум аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, дар форум намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти зиддикоррупсонии 15 давлати ҷаҳон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Дар оғози форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки дар шароити таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият ва таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баргузории ин форум на танҳо зарурати рӯзмарра, балки василаи муҳим ва стратегиест, ки ба мо имкон медиҳад ба ҳадафҳои устувор ва дарозмуддати муқовимат ба коррупсия бирасем.
Дар Форуми дуюми зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар доираи се ҷаласаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
