Skip to content Skip to footer

Қалъаи Ҳисор – саёҳат ба умқи таърихи куҳани миллати тоҷик

Қалъаи Ҳисор яке аз ёдгориҳои нодир ва арзишманди таърихию фарҳангии Тоҷикистон буда, дар шаҳри Ҳисор ҷойгир аст. Ин ёдгории бостонӣ бо таърихи куҳан, меъмории нотакрор ва фазои хоси таърихӣ яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба шумор меравад.

Таърихи водии Ҳисор ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад. Бозёфтҳои бостоншиносии дар ин минтақа пайдошуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин аз давраҳои қадим макони зиндагӣ ва фаъолияти инсон буда, дар ташаккули тамаддуни минтақа саҳми назаррас доштааст. Ҳисор дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Шумон низ ёд шудааст ва дар давраҳои гуногун ҳамчун маркази муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шинохта мешуд.

Қалъаи Ҳисор дар гузашта яке аз такягоҳҳои муҳими мудофиавӣ ва қароргоҳи ҳокимони маҳаллӣ ба ҳисоб мерафт. Мавқеи ҷуғрофии он, деворҳои мустаҳкам ва манораҳои назоратӣ барои ҳифзи қаламрав ва таъмини амнияти минтақа аҳамияти калон доштанд. Даромадгоҳи муҳташами қалъа бо ду манораи баланд ва пештоқи камондор аз вижагиҳои намоёни меъмории он буда, то имрӯз таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб мекунад.

Қалъаи Ҳисор на танҳо як иншооти алоҳидаи таърихӣ, балки бахше аз маҷмааи бузурги ёдгориҳои меъморӣ ва фарҳангии минтақа мебошад. Дар атрофи он мадрасаҳои Кӯҳнаву Нав, Масҷиди Сангин, мақбараи Махдуми Аъзам ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ҷойгир шудаанд, ки ҳар кадоме аз давраҳои гуногуни рушди илму маърифат, фарҳанг, ҳунармандӣ ва меъмории ниёгони тоҷикон қисса мекунанд.

Имрӯз Қалъаи Ҳисор ба яке аз маконҳои серҷозибаи сайёҳии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Меҳмонони дохиливу хориҷӣ бо боздид аз ин мавзеъ на танҳо бо таърихи пурғановати миллати тоҷик шинос мешаванд, балки аз наздик намунаҳои нодири меъмории асрҳои гузаштаро мушоҳида мекунанд. Муҳити орому дилнишин, манзараи бошукӯҳи қалъа ва ҳамҷоягии ёдгориҳои таърихӣ ин маконро барои сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва маърифатӣ басо мувофиқ гардонидааст.

Боздид аз Қалъаи Ҳисор гӯё сафар ба гузаштаи дури миллати тоҷик аст, сафаре, ки дар он ҳар девор, ҳар манора ва ҳар санги куҳан аз таърихи пурифтихори ниёгон қисса мекунад. Ин ёдгории бостонӣ на танҳо ифтихори мардуми Ҳисор, балки ҷузъи арзишманди мероси таърихию фарҳангии тамоми миллати тоҷик мебошад.

Leave a comment