Skip to content Skip to footer

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Русия Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.

Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.

Дар идомаи суҳбат Сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.

Президентҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.

Leave a comment