Skip to content Skip to footer

ДУШАНБЕ: баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026

Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, барои муколама ва ҳамкорӣ миёни намояндагони давлат, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва мутахассисони соҳаи технология замина фароҳам меорад.

Дар Форум беш аз ҳазор нафар, аз ҷумла вазирон, аъзои ҳайатҳои расмӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои пешбари технологӣ аз кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон иштирок мекунанд.

TAJ-TECH 2026 барои ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳои стратегӣ, имзои созишномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки технологӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Барномаи Форум ҷаласаҳои мавзӯӣ, муҳокимаҳо бо иштироки коршиносон ва вохӯриҳои кориро миёни соҳибкорон (B2B), соҳибкорону истеъмолкунандагон (B2C) ва соҳибкорону намояндагони мақомоти давлатӣ (B2G) дар бар мегирад.

Дар доираи Форум намоишгоҳи байналмилалии технологӣ баргузор мешавад. Ширкатҳо, стартапҳо ва таҳиягарон метавонанд дар он маҳсулоти инноватсионӣ ва барномаву хизматрасониҳои рақамии худро ба сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва шарикони эҳтимолии ҳамкорӣ муаррифӣ намоянд.

TAJ-TECH 2026 — макони ба ҳам пайвастани идеияҳо, шарикон ва сармоя барои рушди технологияҳои оянда.

Leave a comment