12 август дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии талафоти он ва таъмини пардохти пурраи маблағи барқи истифодашуда аз масъалаҳои муҳими соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, ҳалли саривақтии ин масъалаҳо ба фаъолияти устувори низоми энергетикӣ, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ таъсири мустақим мерасонад.
Дар ҷаласа фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар дар ҳафт моҳи соли 2026, сатҳи талафоти неруи барқ, ҳолати шабакаҳо ва зеристгоҳҳо, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, қарздорӣ ва ҷараёни иҷрои супоришҳои қаблан додашуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҳафт моҳи соли равон талафоти неруи барқ дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар 19,62 фоизро ташкил додааст. Ҳарчанд ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6,42 фоиз кам мебошад, аммо сатҳи мавҷуда ҳанӯз ҳам баланд арзёбӣ шуда, зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро ба миён мегузорад.
Дар ҳамин давра талафоти неруи барқ дар шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар 8,12 фоиз, дар ноҳияи Дӯстӣ 16,46 фоиз ва дар ноҳияи Носири Хусрав 18,14 фоиз ба қайд гирифта шудааст.
Иброз гардид, ки вазъ дар якчанд ноҳияи минтақа нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла, талафоти неруи барқ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 26,04 фоиз, Кӯшониён 24,97 фоиз, Вахш 24,26 фоиз, Ҷалолиддини Балхӣ 23,06 фоиз, Хуросон 22,62 фоиз ва Ҷайҳун 20,30 фоизро ташкил медиҳад.
Дар чанд ноҳияи минтақа ҳаҷми талафоти неруи барқ аз 20 фоиз зиёд буда, ин ҳолат на танҳо ба нишондиҳандаҳои фаъолияти шабакаҳои барқӣ, балки ба самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ ва вазъи молиявии соҳа низ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҷараёни таҳлил таъкид гардид, ки талафоти неруи барқро танҳо бо омилҳои техникӣ шарҳ додан дуруст нест. Фарсудашавии хатҳои интиқол, трансформаторҳо ва таҷҳизоти барқӣ метавонад яке аз омилҳои талафоти техникӣ бошад, аммо талафоти тиҷоратӣ низ ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, пайвастшавии худсарона ба шабакаҳо, дахолат ба кори ҳисобкунакҳо, пинҳон намудани ҳаҷми воқеии истеъмол ва дуздии неруи барқ аз ҷумлаи ҳолатҳое мебошанд, ки метавонанд боиси афзоиши талафоти тиҷоратӣ гарданд.
Барномаи миёнамуҳлати рушди мамлкат низ коҳиш додани талафоти неруи барқ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва низоми биллингӣ, расонидани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо то 100 фоиз ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқро аз самтҳои муҳими соҳа муайян кардааст.
Дар идомаи ҷаласа барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, коҳиш додани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, пурзӯр намудани назорат аз болои шабакаҳо ва беҳтар намудани ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ба масъулон супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Дар маҷмуъ, таҳлили нишондиҳандаҳо муайян намуд, ки коҳиш додани талафоти неруи барқ дар минтақаи Бохтар танҳо бо як тадбир ё як сохтор ҳалшаванда нест. Барои расидан ба натиҷаи назаррас ҳамзамон навсозии инфрасохтори барқӣ, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, тақвияти назорат, пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ, муборизаи ҷиддӣ бо дуздии неруи барқ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа зарур мебошад.

