Нишасти матбуотии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, олимон, коршиносон ва масъулони сохторҳои дахлдор баргузор гардид.
Зимни нишаст роҳбарияти Агентӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ҳифз, омӯзиш, тармим ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангии кишвар маълумот пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2027-2031» таҳия шудааст ва он дар мувофиқаи ниҳодҳои дахлдор қарор дорад.
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории Қалъаи Муминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома дорад. Ба ғайр аз ин дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» корҳои сохтмони бинои нави маъмурии муассиса ва бомпушии Мадрасаи Куҳна дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввал арзёбӣ гардиданд

