Дар солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар ин миён вилояти Хатлон бо захираҳои бойи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ мақоми махсусро ишғол мекунад. Аз ёдгориҳои қадимаи давраи Кӯшониён то мамнуъгоҳҳои табиӣ, аз зиёратгоҳҳои машҳур то мавзеъҳои истироҳатӣ, ҳамаи ин имкониятҳо Хатлонро ба як минтақаи ҷолиб барои сайёҳон табдил додаанд.
Бинобаиттилои сардори шуъбаи рушди сайёхии вилояти Хатлон, давоми шаш моҳи аввали соли 2026 ба вилояти Хатлон 940 ҳазор нафар сайёҳ ташриф оварда, аз ин шумора 63 ҳазору 183 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда далели равшани он аст, ки таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ба имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон сол ба сол бештар мегардад.
Коршиносон бар он назаранд, ки афзоиши шумораи сайёҳон танҳо натиҷаи мавҷудияти захираҳои табиӣ ва таърихӣ нест. Дар баробари ин, беҳтар шудани инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, роҳҳои замонавӣ ва рушди хизматрасонӣ низ дар ҷалби меҳмонон нақши муҳим доранд.
Имрӯз сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, дайри буддоии Аҷинатеппа, мавзеъҳои кӯҳнавардӣ, минтақаҳои табиӣ ва чашмаҳои шифобахши вилояти Хатлон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Дар баробари ин, рушди сайёҳии деҳот, агросайёҳӣ ва сайёҳии экологӣ низ самтҳои нави ҷалби меҳмонон гардидаанд.
Яке аз омилҳои муҳими муаррифии имкониятҳои вилояти Хатлон баргузории форуму намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Чунин ҳамоишҳо на танҳо имкониятҳои иқтисодии минтақаро муаррифӣ мекунанд, балки барои ҷалби сармоягузорон, соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ низ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ин замина, моҳи октябри соли равон баргузории Форум ва намоишгоҳи байналмилалии «Хатлон Инвест» дар назар дошта шудааст. Тибқи маълумоти масъулон, аллакай зиёда аз 500 нафар сармоягузорону намояндагони ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории соҳаи сайёҳӣ барои иштирок дар ин ҳамоиш даъват шудаанд.
Ба андешаи мутахассисон, агар дар доираи ин форум созишномаҳои нави ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расанд, барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои фароғатӣ ва таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ имкониятҳои бештар фароҳам хоҳанд омад.
Дар баробари ин, чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба муаррифии бренди сайёҳии вилояти Хатлон дар арсаи ҷаҳонӣ низ мусоидат мекунанд. Имрӯз рақобат дар бозори байналмилалии сайёҳӣ бештар ба сифати хизматрасонӣ, дастрасии инфрасохтор ва тарғиби самараноки имкониятҳои минтақаҳо вобаста аст.
Аз ин рӯ, баргузории форумҳои байналмилалӣ метавонад ба густариши робитаҳо бо ширкатҳои бузурги сайёҳӣ ва ҷалби боз ҳам бештари меҳмонони хориҷӣ замина гузорад.
Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки барои нигоҳ доштани ин тамоюли мусбат бояд сифати хизматрасонӣ пайваста беҳтар карда шавад. Омода намудани роҳбаладони касбӣ, рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани хатсайрҳои нави сайёҳӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва беҳтар намудани муҳити экологӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки метавонанд рақобатпазирии вилояти Хатлонро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ боз ҳам боло баранд.
Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ ва баргузории форумҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки вилояти Хатлон тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон табдил меёбад. Агар истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳадафмандонаи захираҳои сайёҳӣ идома ёбад, вилояти Хатлон метавонад дар ояндаи наздик мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои ҷолиби сайёҳии минтақа боз ҳам таҳким бахшад.

