Сафари кории гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Навои модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занони фаъоли кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, ин навбат ҳайати гурӯҳ аз ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуд.
Дар ноҳияи Фархор меҳмонон бо намоиши фарҳангӣ ва суннатҳои меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифта шуданд. Ҳайати гурӯҳ аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия дидан намуда, бо таъриху фарҳанги минтақа ва мероси ҳунарии сокинон шинос гардиданд. Ҳамчунин, намоиши дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии занону ҷавондухтарон мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот бо сокинон таъкид гардид, ки ҳадафи ташкили гурӯҳи «Навои модарони ваҳдатсаро» таҳкими арзишҳои миллӣ, тарғиби Ваҳдату Истиқлол, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими нақши занону модарон дар ҷомеа мебошад. Масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандон, таҳкими оила, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбатҳо буданд.
Сафари гурӯҳ баъдан дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ идома ёфт. Дар доираи барнома меҳмонон аз муассисаҳои фарҳангиву таърихии ноҳия боздид намуда, бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти сокинон шинос шуданд. Вохӯрии асосӣ бо иштироки доираи васеи сокинон дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим баргузор гардид.
Зимни мулоқот аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум таъкид шуда, ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани маърифати занон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва ҳифзи фарҳанги либоспӯшии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабиниҳо ба иштирокдорон барномаи фарҳангии ҳунармандони маҳаллӣ бо суруду таронаҳои вассофи сулҳ, ваҳдат ва истиқлол пешкаш гардид.

