Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 46 масъала қабул намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои дар шакли мукаммал қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта», инчунин як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, меҳнат, тандурустӣ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Дар идома, пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ҷонибдорӣ ёфтанд.
Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода бинобар вафоташ қатъ ва Ҷурабек Қодирзода судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Ҳамчунин бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Асомуддин Бобохонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайдабону Аминзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, Саидо Саъдуллозода судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Бо ҳамин, иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.

