Skip to content Skip to footer

ДАР ДУШАНБЕ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МАҚОМ ВА МЕРОСИ АДАБИИ РОБИЯИ БАЛХӢ БАХШИДА ШУД

Дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доир шуда, олимон, муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва коршиносони соҳаи адабиётро аз Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Покистон ва Ӯзбекистон, гирди ҳам овард.

Дар маросими ифтитоҳ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷойгоҳи арзишманди Робияи Балхӣ дар таърихи адабиёти классикии тоҷику форс ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мероси адабии ин шоираи номвар барои омӯзиши фарҳанг ва таърихи миллӣ аҳамияти хос дорад. Ба гуфтаи ӯ, истеъдоди баланд, андешаҳои инсонпарварона ва ҷасорати маънавии Робияи Балхӣ ӯро ба яке аз рамзҳои фарҳангии ҷаҳони форсизабон табдил додааст.

Зимни ҳамоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва Вазорати корҳои хориҷӣ низ оид ба аҳамияти омӯзиш ва тарғиби мероси адабии Робияи Балхӣ ибрози назар карданд. Таъкид гардид, ки осори ӯ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими конференсия ёдоварӣ аз қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026–2027 буд. Иштирокчиён ин иқдомро нишонаи эътирофи байналмилалии мероси фарҳангӣ ва адабии тоҷикон арзёбӣ намуданд.

Дар бахшҳои илмии ҳамоиш маърӯзаҳо оид ба зиндагиномаи Робияи Балхӣ, муҳити адабии даврони ӯ, хусусиятҳои забонӣ ва бадеии осораш, нақши зан дар адабиёти классикӣ ва таъсири мероси ӯ ба рушди адабиёти минбаъдаи тоҷику форс пешниҳод гардиданд.

Конференсияи байналмилалӣ кори худро дар бахшҳои гуногун тайи ду рӯз идома медиҳад.