Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассисаву идораҳои ҳудуди шаҳр дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигорон оид ба корҳои анҷомдодашуда, барномаҳои рушд ва иқтидори сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот пешниҳод намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот то соли 2025 барқарорсозӣ, бунёд ва таҷдиди 459 иншоот ба нақша гирифта шуда, алҳол 423 иншоот бо маблағи 661,1 млн сомонӣ ба истифода дода шуд. Корҳо дар 36 иншооти ҷашнӣ идома доранд.
Дар соли 2025 дар самти рушди агротуризм дар шаҳри Турсунзода як қатор дастовардҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла, шумораи хоҷагиҳои кишоварзие, ки хизматрасониҳои агротуристӣ пешниҳод менамоянд, афзоиш ёфта, шароити қабули сайёҳон беҳтар гардид.
Боздид аз токзорҳо, муаррифии маҳсулоти ангур ва фаъол гардидани баъзе хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҳамчун маконҳои фароғатӣ таваҷҷуҳи меҳмононро бештар ҷалб намуд. Ин иқдомҳо ба таҳкими мавқеи агротуризм ҳамчун самти ояндадори рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр мусоидат карданд.
Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба ду миллиарду 63 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 234,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 104 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2024 8 намуд маҳсулоти саноатӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати якуми январи соли 2026 дар шаҳри Турсунзода 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 8 корхонаи саноатӣ зиёд аст.

