Skip to content Skip to footer

Дар Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони Комиссия — Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири федералии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир шуд.

Зимни нишаст ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, бонкдорӣ, илм ва технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон дар заминаи иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду давлат солҳои охир рушди устувор дошта, барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Зикр шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соли 2025 ба 43 миллион доллари ИМА расида, дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми он 8,9 миллион долларро ташкил додааст. Ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи гардиши савдо, ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушди тиҷорати мутақобила, диверсификатсияи молҳои содиротию воридотӣ ва густариши ҳамкориҳои мустақим миёни соҳибкорон ва сармоягузорони ҳар ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин аҳамияти стратегии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва рушди ҳамгироии минтақавӣ таъкид гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо аз натиҷаҳои бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки татбиқи қарорҳои қабулшуда барои таҳкими бештари муносибатҳои дӯстона ва шарикии мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа аз ҷониби ҳамраисони Комиссия Протоколи ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонида шуд.