Шаҳри Истаравшан ҳамчун яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон дар баробари рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кор нақши муассир дорад. Мероси ғании таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва инфрасохтори муосири сайёҳӣ ин шаҳри бостониро ба яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил додааст.
Истаравшан дорои имкониятҳои васеъ барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули меҳмонони хориҷӣ мебошад. Иншооти сайёҳии шаҳр дар як шабонарӯз қобилияти қабули беш аз ҳазор сайёҳро доранд. Аз ҷумла, маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» яке аз марказҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзеъ амфитеатри замонавӣ бо 5100 ҷойи нишаст, зиёда аз 80 ҳуҷра барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва муаррифии фарҳангу суннатҳои миллӣ бунёд гардидааст.
Дар ҳудуди маҷмаа осорхонаи «Қалъаи Муғ» фаъолият дошта, бозёфтҳо ва нигораҳои нодири таърихӣ дар он нигоҳдорӣ мешаванд. Ин осор аз тамаддуни куҳан ва фарҳанги ғании халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд. Сайёҳони хориҷӣ зимни боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ба фарҳанг, анъанаҳо ва тарзи зиндагии мардуми тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
То имрӯз Истаравшан хусусиятҳои меъмории асрҳои миёнаро ҳифз кардааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфта, симои шаҳр бо нигоҳ доштани арзишҳои таърихӣ шакли муосир касб намудааст. Барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар назди «Қалъаи Муғ» меҳмонхонаи замонавии «Киропол» фаъолият мекунад, ки барои қабули меҳмонон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Тадбирҳои ободонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳсозии хизматрасониҳои сайёҳӣ шаҳодати онанд, ки Истаравшан метавонад ҳамчун яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардад.

