Skip to content Skip to footer

Пешгирии диабети қанд — кафили зиндагии солим

Солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои гуногун аз ҷониби давлат ва ҳукумат тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.

Яке аз бемориҳои паҳнгардида дар ҷаҳон, ки имрӯз нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст, диабети қанд мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон, шумораи гирифторони ин беморӣ сол ба сол афзоиш ёфта, он ба яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.

Диабети қанд бемории музмин буда, дар натиҷаи баланд гардидани сатҳи глюкоза дар хун ба вуҷуд меояд ва метавонад ба фаъолияти узвҳои муҳими организм таъсири манфӣ расонад. Ин беморӣ замоне инкишоф меёбад, ки организм инсулинро ба миқдори кофӣ истеҳсол намекунад ё аз он самаранок истифода бурда наметавонад. Инсулин гормонест, ки барои ворид шудани қанд ба ҳуҷайраҳо ва таъмин намудани онҳо бо энергия нақши муҳим дорад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки диабети навъи дуюм бештар миёни аҳолӣ паҳн гардида, омилҳои асосии пайдоиши он вазни зиёдатӣ, камҳаракатӣ, ғизои носолим ва омилҳои ирсӣ мебошанд.

Ба гуфтаи табибон, пешгирии диабети қанд пеш аз ҳама ба риояи тарзи ҳаёти солим вобаста аст. Истеъмоли мунтазами сабзавоту меваҳо, маҳдуд намудани маҳсулоти ширин ва серравған, инчунин машғул шудан ба варзиш ва машқҳои ҷисмонӣ аз ҷумлаи роҳҳои муассири пешгирии ин беморӣ маҳсуб меёбанд.

Фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ, назорати вазни бадан ва санҷиши даврии сатҳи қанд дар хун метавонанд хатари гирифторшавӣ ба диабети қандро ба таври назаррас коҳиш диҳанд.

Коршиносон бар он назаранд, ки баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба саломатӣ дар коҳиш додани сатҳи паҳншавии диабети қанд нақши муҳим дорад. Гарчанде диабети қанд бемории ҷиддӣ ба шумор меравад, аммо бо риояи тавсияҳои табибон ва пешбурди тарзи ҳаёти солим метавон аз оқибатҳои вазнини он пешгирӣ намуда, саломатӣ ва сифати зиндагиро ҳифз кард.