Дар Маркази рушди малакаҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон–2026 баргузор шуд.
Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони кишвар, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ташкил гардид.
Дар рӯзи аввали форум ҳайати иштирокчиён бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ноҳияи Данғара ба шаҳри Норак сафар намуданд. Меҳмононро дар шаҳри Норак роҳбарияти шаҳр бо нону намак истиқбол гирифтанд. Иштирокчиён бо обанбори Норак, агрегатҳо ва осорхонаи ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуда, баъдан ба ноҳияи Данғара баргаштанд.
Пеш аз оғози расмии форум меҳмонон аз намоишгоҳи молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва таҷҳизоту техникаҳои истеҳсолкардаи муҳассилини марказҳои малакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва иштирокчиён аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дар самти омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва ҳаётӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Иштирокчиён инчунин изҳор доштанд, ки баргузории чунин форумҳо имконият фароҳам меорад, то наврасону ҷавонон таҷрибаи худро мубодила намуда, робитаҳои дӯстиву ҳамкориро миёни миллатҳо таҳким бахшанд.
Қобили зикр аст, ки Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» бо мақсади рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шаҳрвандон дар асоси созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ амалӣ мегардад.
Дар доираи лоиҳа дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара марказҳои рушди малакаҳо бо шароити муосир бунёд гардидаанд. Дар онҳо омӯзиши кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳо аз рӯи 20 касби афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Форум рӯзи дуюм низ идома ёфта, дар доираи он озмунҳо аз рӯи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» баргузор мегарданд, ки дар он ҷавонон ва мутахассисони навкор маҳорати касбии худро рақобат мекунанд.

