Skip to content Skip to footer

иштирокдорОни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз Маҷмааи сайёҳию варзишии «Сафеддара» дидан карданд

  Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 хатсайри сайёҳӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил карда шуд.

Яке аз чунин хатсайрҳо ба дараи Сиёма ва Маҷмааи сайёҳию варзишии «Сафеддара» равона гардид, ки дар он беш аз 100 нафар меҳмонони хориҷӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, рӯзноманигорон ва масъулони соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд.

Сафар бо се автобус аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардида, иштирокчиён дар масир манзараҳои зебои пойтахт ва табиати ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Зимни ҳаракат меҳмонон ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон ва нақши муҳими кишвар дар пешбурди масъалаҳои глобалии обу иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар даромадгоҳи дараи Сиёма онҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо самимияти хос истиқбол гирифта шуданд.

Дар ҷараёни боздид иштирокчиён бо имкониятҳои табиӣ, экологӣ ва сайёҳии минтақа шинос гардида, аксҳои хотиравӣ гирифтанд. Дараи Сиёма бо ҳавои тоза, дарёи мусаффо ва манзараҳои нотакрори кӯҳӣ ҳамчун яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Ба иттилои масъулон, ноҳияи Варзоб яке аз минтақаҳои афзалиятнок барои рушди сайёҳӣ ва истифодаи захираҳои обӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас меҳмонон ба Маҷмааи сайёҳию варзишии лижаронии «Сафеддара» ташриф оварданд. Масири байни Сиёма ва Сафеддара тавассути кӯҳҳои баланд ва манзараҳои сарсабз таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар «Сафеддара» барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ ва гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Иштирокчиён бо маҳсулоти ҳунармандӣ шинос шуда, армуғонҳои хотиравӣ харидорӣ намуданд.

Ҳамчунин ба меҳмонон имконият фароҳам гардид, ки тавассути роҳи кабелӣ то баландии 2590 метр аз сатҳи баҳр бароянд ва аз манзараҳои барфпӯш ва кӯҳии минтақа аксҳои хотиравӣ гиранд.

Ба таъкиди масъулон, «Сафеддара» имрӯз яке аз марказҳои муосири варзишҳои зимистона дар Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамасола ҳазорон сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро қабул менамояд. Ин минтақа инчунин дорои имкониятҳои васеъ барои рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва аграрӣ мебошад.

Ҳамин тавр, хатсайри сайёҳии Душанбе–Сиёма–Сафеддара–Душанбе, ки дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ ташкил гардид, бо таассуроти нек ба анҷом расида, ҳамчун иқдоми муҳим дар муаррифии имкониятҳои обӣ ва сайёҳии Тоҷикистон арзёбӣ шуд.