Skip to content Skip to footer

Агротуризм — заминаи рушди иқтисоди деҳот ва ҷалби сайёҳон: имкониятҳои дараи Алмосии шаҳри Ҳисор


Агротуризм яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба сайёҳон имкон медиҳад, ки на танҳо аз табиат ва манзараҳои дилфиреби маҳалҳо баҳра баранд, балки бо зиндагии деҳот, соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва анъанаҳои миллӣ аз наздик шинос шаванд. Имрӯз бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон агротуризмро ҳамчун воситаи муассири рушди иқтисоди деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ истифода мебаранд. Тоҷикистон низ бо табиати нотакрор, иқлими мусоид, фарҳанги ғанӣ ва захираҳои фаровони кишоварзӣ метавонад дар ин самт ба яке аз кишварҳои ҷолиби минтақа табдил ёбад.


Дар солҳои охир дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба рушди агротуризм афзоиш ёфта, бахусус минтақаҳои кӯҳистон барои ташкили чунин намуди сайёҳӣ имкониятҳои васеъ доранд. Яке аз чунин минтақаҳои дорои иқтидори бузург дараи Алмосии шаҳри Ҳисор мебошад. Ин минтақа бо табиати зебо, ҳавои мусоид, чарогоҳҳои кӯҳӣ, боғу токзорҳо ва анъанаҳои қадимаи кишоварзӣ барои рушди агротуризм шароити мусоид фароҳам овардааст.

Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), дараи Алмосӣ ҳамчун низоми нодири аграрӣ эътироф гардида, соли 2025 ба Феҳристи байналмилалии «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» шомил шудааст.
Дараи Алмосӣ дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир буда, дар масофаи наздик аз шаҳри Душанбе қарор дорад. Мавзеъ дорои манзараҳои нотакрори кӯҳӣ, чарогоҳҳои сабз ва иқлими фораму салқин мебошад, ки онро ба яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил медиҳад.

Яке аз имкониятҳои муҳими рушди агротуризм дар ин минтақа парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад. Ин зот аз машҳуртарин навъҳои чорво дар Осиёи Марказӣ буда, ба шароити кӯҳистон мутобиқати баланд дорад. Сайёҳон метавонанд бо усулҳои анъанавии чорводорӣ шинос шуда, ҳатто дар раванди нигоҳубини чорво иштирок намоянд.

Ҳамзамон, дар дараи Алмосӣ ангури тоифии гулобӣ, гандум, ҷав, сабзавот ва дигар зироатҳои маҳаллӣ парвариш карда мешаванд. Ин имконият фароҳам меорад, ки барои сайёҳон барномаҳои махсус, аз ҷумла «сайри токзорҳо», «ҷамъоварии ҳосил», «омодасозии мавиз ва шарбат» ташкил карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки дар ин минтақа зиёда аз 20 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки метавонанд барои рушди сайёҳии экологӣ ва гиёҳшиносӣ низ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Рушди агротуризм барои аҳолии деҳот манфиати назаррас дорад. Пеш аз ҳама, ин самт метавонад ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намояд. Бо ҷалби сайёҳон аҳолӣ метавонад аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасонӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ даромади иловагӣ ба даст орад.

Ҳамчунин агротуризм ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад. Вақте сайёҳон ба тарзи зиндагӣ, фарҳанг ва урфу одатҳои мардум таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, сокинон низ барои нигоҳдорӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ бештар талош менамоянд.
Мутахассисон бар онанд, ки рушди агротуризм метавонад муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш дода, барои ҷавонон дар деҳот ҷойҳои нави корӣ фароҳам созад. Имрӯз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ин самт ҳамчун воситаи муҳими рушди иқтисодӣ истифода мебаранд ва Тоҷикистон низ имкони хуби рушд дар ин бахшро дорад