Муҳтарам кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа!
Боиси хушҳолист, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2024 инҷониб дар мамлакат 7-уми май ҳамчун “Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаҳои алоқа” таҷлил мегардад.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи шумо кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоматон тансиҳатӣ ва комёбиҳои навро таманно дорам.
Телевизион ва радио дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун абзори муҳимми шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ, манбаи асосии иттилооти боэътимод ва воситаи муассири таъсиррасонӣ ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд. Бо ин назардошт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дастгирӣ ва шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи телевизион ва радио рушд намуда, заминаи устувор барои пешрафти минбаъдаи соҳа фароҳам оварда шудааст.
Тавассути қабули барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама инфрасохтори техникӣ таҷдид гардида, бо дастрасии технологияи муосири рақамӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таъмин шуд.
Дар партави таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии мамлакат зиёд гардида, фазои иттилоотии мамлакат бо пахши барномаҳои гуногун мукаммал гардид.
Дар баробари афзоиши шумораи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, фароҳам гардидани шароити муосири техникӣ, шумо – кормандони соҳа бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва ҳисси ватандӯстӣ дар рушди телевизион ва радио саҳми арзанда мегузоред. Кори шумо на танҳо касб, балки рисолати муқаддас аст, ки аз ҳар яки шумо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баландро талаб мекунад.
Боварии комил дорам, ки шумо минбаъд низ бо неруи тоза ва рӯҳияи баланди эҷодӣ фаъолияти худро идома дода, дар пешбурди сиёсати иттилоотии давлат ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоред.
Бори дигар ҳамаи шумо – кормандони телевизион, радио ва соҳаҳои алоқаи кишварро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои беназир дар фаъолияти пуршарафатон орзумандам.
Идатон муборак!

