Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 оид ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷаласаи якуми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии иҷрои нақшаи чорабиниҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аъзои гурӯҳи корӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, тақвияти корҳои ободонӣ, рушди инфрасохтор, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳо, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад.
Иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, ки корҳои ободонӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти умумимиллӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар як сокини кишвар бояд дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳамчунин, ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти иҷтимоӣ, кабудизоркунӣ, таъмини тозагӣ ва ободу зебо гардонидани маҳалҳои аҳолинишин тавсияҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласа махсус таъкид шуд, ки таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буд. Дар ин замина таъкид гардид, ки чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бояд бештар роҳандозӣ гардида, тавассути онҳо арзишҳои миллӣ, бахусус либоси миллӣ, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таври васеъ тарғиб карда шаванд.
Дар идома зикр гардид, ки ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа вазифадоранд ҷиҳати татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо масъулияти баланд нишон дода, дар рушди корҳои созандагиву ободонӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ омодагии худро барои ҳамкории зич, иҷрои саривақтии вазифаҳо ва татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳо изҳор намуда, таъкид карданд, ки танҳо тавассути муттаҳидиву ҳамдилӣ метавон ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз ноил гардид.

