Имрӯз бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони соҳаи ВАО, устодону донишмандон ва рӯзноманигорон иштирок намуда, вобаста ба нақши истиқлолияти давлатӣ дар рушду таҳкими фазои иттилоотӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди телевизион ва радио дар кишвар ибрози назар карданд.
Зикр гардид, ки тайи солҳои истиқлолият соҳаи телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд ёфта, бо ворид намудани технологияҳои муосир ва густариши фазои иттилоотӣ, сатҳи пешниҳоди барномаҳо ба маротиб беҳтар гардидааст.
Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати барномаҳо, таҳкими рақобатпазирии расонаҳои миллӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба талаботи замони муосир мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи соҳаи телевизион ва радио яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

