Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва либоси тоҷикӣ, дастгирии дизайнерон, дӯзандагон ва ҳунармандон, инчунин баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон роҳандозӣ шудааст. Дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе — даври интихобӣ ва омодагӣ ба ин фестивали сатҳи баланд оғоз гардид.
Айни замон ҳайати ҳакамон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов намоиши театрикунонидашудаи шаҳру ноҳияҳои кишварро баррасӣ менамоянд. Аз барномаҳои пешниҳодшуда беҳтаринҳо интихоб гардида, ба даври ниҳоии фестивал роҳ меёбанд.
Ҳадафи асосии фестивал-озмун на танҳо эҳё ва ҳифз, балки тақвияти анъанаҳои миллӣ, таблиғ ва муаррифии либоси зебои тоҷикӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни минтақаҳо мебошад. Дар он ҳунармандон, тарроҳон ва намояндагони соҳаи мӯд аз тамоми гӯшаву канори кишвар иштирок намуда, намунаҳои беҳтарини эҷодиёти худро муаррифӣ мекунанд. Дар даври интихобӣ либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан, атлас, адрас, инчунин намунаҳои нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ бо тарҳҳои муосир ва унсурҳои анъанавӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Барномаи озмун иштироки довталабонро дар як қатор номинатсияҳо пешбинӣ менамояд, аз ҷумла:
- тарҳи анъанавӣ ва муосири либоси миллӣ;
- гулдӯзии бадеӣ, аз ҷумла гулдӯзии заррин;
- бофандагӣ ва истеҳсоли матоъҳо;
- маҳсулоти дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
- тарроҳӣ бо истифода аз унсурҳои миллӣ.
Таъкид мегардад, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷомеа, дастгирии ҳунармандони ватанӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд.

