Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва саҳми фаъолонаи соҳибкорони бонангу номус ва сокинони деҳот зиёда аз 4 километр роҳи деҳаҳои Ойбош, Себистон ва Файзбахши Ҷамоати деҳоти Навобод мумфарш гардид.
Дар шаҳри Ҳисор асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллӣ ба анъанаи нек табдил ёфта, чунин иқдомҳо пайваста бо дастгирии сокинон амалӣ мегарданд. Ин навбат низ сокинони деҳаҳои мазкур бо рӯҳияи баланди ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносӣ дар таъмиру навсозии роҳҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Дар ҷараёни корҳои ободонӣ сокинон фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёри хеш саҳм гузоштанд. Ин иқдом нишонаи равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади таъмини сифати баланди корҳо, барои асфалтпӯш намудани роҳҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, ҳамаи корҳои роҳсозӣ тибқи талаботи соҳа ва стандартҳои муҳандисӣ ба роҳ монда шуданд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор зимни мулоқот бо сокинону фаъолон вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, ба тартиб овардани кӯчаву маҳаллаҳо ва беҳсозии муҳити зист иброз доштанд, ки чунин иқдомҳо гувоҳи масъулиятшиносии сокинон буда, дар рушди инфрасохтори деҳоти шаҳр саҳми назаррас мегузоранд.
Тибқи иттилои масъулон, соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти Навобод дар маҷмӯъ 13 километр роҳ пурра асфалтпӯш карда шудааст.

