Skip to content Skip to footer

Гулистон: рушди бесобиқаи инфрасохтори сайёҳӣ дар остонаи 35-солагии Истиқлолият

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон даҳҳо иншооти соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо ба фаъолият оғоз намудани иншооти нав, садҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд.

Шаҳри Гулистон, ки дар соҳили “Баҳри тоҷик” ҷойгир аст, имрӯз бо рушди инфрасохтори муосири сайёҳию солимгардонӣ ба яке аз марказҳои ҷолиби сайёҳии кишвар табдил ёфтааст. Дар доираи ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлолият дар соҳили баҳр 6 меҳмонхона ва 5 осоишгоҳу маркази солимгардонӣ ба истифода дода шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шудааст.

Тибқи маълумот, иқтидори қабули сайёҳон дар як вақт ба 2214 ҷойи хоб расида, танҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ беш аз 200 нафар сайёҳи хориҷӣ ва зиёда аз 4 ҳазор нафар истироҳаткунандаи дохилӣ ба шаҳр ташриф овардаанд. Ҳаҷми даромад аз соҳаи сайёҳӣ дар ин давра беш аз 7 миллион сомониро ташкил додааст.

Ҳамзамон, тибқи Барномаи давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон барои солҳои 2026–2030, бунёди марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ, осоишгоҳи дорои 250 ҷой, тарабхонаҳои замонавӣ, таъсиси ширкати сайёҳӣ ва таҳияи харитаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.