Skip to content Skip to footer

ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

 Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва пайгирӣ аз «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», намоиши осори рассоми машҳури тоҷик — Абдулло Ашуров таҳти унвони «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ гардид.

Ба чорабинӣ муовини аввали директори Осорхонаи миллӣ Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии хеш ҳозиринро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам гуфта, ифтитоҳи чорабиниро табрику муборакбодӣ намуд.

Намоиш бо мақсади бузургдошти яке аз устодони санъати миллӣ ва муаррифии мактаби классикии мусаввирии тоҷик роҳандозӣ гардида, дар кори он раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин ва рассом, омӯзгори маъруф, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов андар перомуни осори мондагор ва саҳми назарраси Абдулло Ашуров дар рушду нумӯи мактаби санъати рассомии муосири тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар намоиш 16 мусаввара — шоҳкории нодир аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ пешкаши тамошобинон гардид, ки ин асарҳо марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории тоҷикон ва ҳаёти созандаи мардумро дар тӯли фаъолияти эҷодии рассом инъикос менамоянд. Тамошобинон — ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, донишҷуёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишгоҳи (Славянии) Русия ва Тоҷикистон ва намояндагони ВАО имкон пайдо намуданд, ки  бо асарҳои машҳури рассом дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла чеҳранигориҳои классикӣ, манзараҳои диёри кӯҳсор ва тасвири лаҳзаҳои таърихӣ, аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд. Аз ҷумла, шоҳкориҳои «Симои муаллиф», «Гӯсфандони ҳисорӣ», «Тақсимоти ҳосил», «НБО-и Варзоб. Сохтмони халқӣ» ва дигар осори пурарзиш ба намоиш гузошта шуд.

Абдулло Ашуров (1904–1976) — асосгузори санъати тасвирии муосири тоҷик, Ходими хизматнишондаи санъати ҶШС Тоҷикистон ва яке аз аввалин рассомони касбии кишвар мебошад. Ӯ на танҳо дар рушди санъат, балки дар ташкили мактаби рассомии миллӣ ва тарбияи даҳҳо шогирдони номдор нақши таърихӣ бозида, насли нави мусаввирони кишварро ба камол расонидааст. Асарҳои ӯ, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд, имрӯз дар Осорхонаи давлатии санъати халқҳои Шарқ (Москва) ва ганҷинаҳои миллии Тоҷикистон ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз мешаванд.

Намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ҳамчун рамзи эҳтиром ба мероси ниёгон ва таҳкими ҳувияти миллӣ то 20 майи соли 2026 идома меёбад.

Leave a comment