Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, гузариш ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишвар табдил ёфтааст. Ин раванд, аз як ҷониб, ба таъмини шаффофият ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат намуда, аз ҷониби дигар, барои рушди иқтисодиёт ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти густариши пардохтҳои ғайринақдӣ назаррас мебошанд. Аз ҷумла, 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид. Тибқи ин санад, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ барои хизматрасониҳои музднок танҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ мегардад.
Дар фармони мазкур ҳамчунин таъкид шудааст, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани маблағи хизматрасониҳои музднок манъ карда шавад.
Коршиносон бар он назаранд, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, зарурати гирифтани маблағро аз банкоматҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ кам мекунад. Ин, дар навбати худ, боиси сарфаи вақт ва коҳиши хароҷоти иловагӣ мегардад. Илова бар ин, истифодаи воситаҳои муосири пардохти ғайринақдӣ раванди пардохти хизматрасониҳои давлатиро осон, дастрас ва мувофиқ месозад.
Бо вуҷуди ин, мутахассисон ба баъзе мушкилоти мавҷуда низ ишора мекунанд. Аз ҷумла, дар баъзе ҳолатҳо қаллобон бо истифода аз роҳҳои гуногун маблағҳои шаҳрвандонро аз ҳамёнҳои электронӣ ва дигар воситаҳои пардохтӣ ғайриқонунӣ аз худ мекунанд. Аз ин рӯ, тақвияти маърифати молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва риояи қоидаҳои бехатарии рақамӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои охир шумораи шабакаҳои терминалии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, босуръат афзоиш ёфтааст. Имрӯз қисми зиёди аҳолӣ соҳиби кортҳои пардохтӣ буда, истифодаи барномаҳои махсуси бонкиро аз худ кардааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, шаҳрвандон ҳангоми хариди молу маҳсулот ва истифода аз хизматрасониҳо бештар ҳисоббаробаркуниро ба таври ғайринақдӣ анҷом медиҳанд.
Дар маҷмуъ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамчун яке аз василаҳои муҳими танзими муносибатҳои молиявӣ, баланд бардоштани шаффофият ва тақвияти низоми муосири иқтисодӣ арзёбӣ гардида, дар шароити имрӯза барои рушди устувори кишвар аҳаммияти рӯзафзун касб мекунад.

