Skip to content Skip to footer

Дар ноҳияи Рӯшон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

  Дар ноҳияи Рӯшон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо иштироки васеи наврасону ҷавонони соҳибистеъдод баргузор гардида, ҷамъбаст шуд.

Дар маросими ҷамъбасти даври ноҳиявӣ таъкид гардид, ки ин озмуни фарҳангиву маърифатӣ, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба яке аз муҳимтарин майдонҳои дарёфти чеҳраҳои нави санъат табдил ёфтааст, имсол низ дар фазои рақобати солим ва рӯҳияи баланди эҷодӣ баргузор гардид.

Зикр шуд, ки беш аз 150 нафар довталаб аз рӯи жанрҳои гуногуни санъат ҳунару маҳорати худро назди ҳайати ҳакамон ба намоиш гузошта, дар натиҷа 41 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик роҳандозӣ гардидааст.

Ба гуфтаи масъулон, довталабони ноҳияи Рӯшон бо омодагии хуб ва маҳорати шоиста ҳунари худро манзури ҳайати ҳакамон намуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Рӯшон ҳамасола дар баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди чеҳраҳои нави эҷодӣ саҳми арзанда мегузорад. Ин навбат низ довталабон аз рӯи сатҳи омодагӣ, услуби иҷро, навоварӣ ва мазмуни баромадҳо қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ шуданд.

Ҳузури беш аз 150 иштирокчӣ худ далели равшани он аст, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба санъату эҷод ва майли онҳо ба саҳна рӯз ба рӯз бештар мегардад. Ин омил аз фаъол гардидани муҳити фарҳангӣ дар маҳал ва самараи чораҳои пайвастаи дастгирии истеъдодҳо шаҳодат медиҳад.

Дар фарҷоми озмун, беҳтарин иштирокчиён муайян гардида, ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Ғолибон аз ҷониби намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Ин натиҷаҳо бори дигар собит месозанд, ки ноҳияи Рӯшон дорои захираи хуби истеъдодҳои ҷавон буда, метавонад дар даврҳои минбаъдаи озмун низ бо чеҳраҳои наву умедбахш ҳузури шоиста дошта бошад.